Ҷилавгирӣ аз интиқоли “Тойота”-и дуздӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон
Пулиси шаҳри Бишкек аз боздошти афроде хабар медиҳад, ки қасд доштаанд, мошинҳои дуздиро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд.
Ин ниҳод мегӯяд, ахиран ба идораи пулис як сокини 36-солаи муқими Бишкек шикоят бурда гуфтааст, чанде қабл мошини “Тойота Раннер”-и ӯро, ки қасди фурӯшашро дошт, дуздидаанд. Ба гуфтаи ин сокини Бишкек, мошини ӯ дар ҳоле рабуда шудааст, ки қаблан як нафар тамос гирифта, худро мошинхар муаррифӣ ва макони мошинро пурсидааст.
Пулиси Бишкек гуфтааст, дар пайи амалиёти ҷустуҷӯии кормандони ин ниҳод сокини 39-солаи маҳалли Ноотаки вилояти Ӯш боздошт шудааст, ки дар асоси фармоиш “Тойота Раннер”-ро рабуда будааст.
Манбаъ илова кардааст, ки афроди фармоишгар бо қалбакӣ кардани ҳуҷҷату рақамҳои мошин қасди интиқоли онро ба Тоҷикистон барои фурӯш доштаанд. Бар асоси иттилои амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯи пулиси Бишкек ҳоло “Тойота Раннер”, ки беш аз 12 ҳазор доллар арзиш дорад, дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон қарор дорад. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)