Мусодираи беш аз 18 кило маводи нашъадор
Кормандони мақомоти умури дохилии Тоҷикистон дар пайи чанд амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз шаҳрвандони кишвар беш аз 18 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд.
Тавре аз Вазорати умури дохилӣ иттилоъ медиҳанд, вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии Аҳлиддин Тағоев, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ “аз болои боми хонааш дар дохили 15 адад бастаи селофанӣ 14 килою 100 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” ва 84 грамм маводи нашъаовари “афюн” дарёфт шуд”.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми кофтукови шахсӣ аз сокини шаҳри Конибодом Рустам Обидов, соли таваллудаш 1961, 2 килою 364 грамм ва аз як сокини дигари ин шаҳр бо ному насаби Рамазон Нозимов, соли таваллудаш 1967, 403 грамм маводи нашъадори “ҳашиш” дарёфт ва мусодира шудааст.
“Сокини 32-солаи пойтахт Абдуҳаким Раҳимов бо 890 грамм маводи нашъадори “бангдона” дастгир карда шуд. Ҳамчунин аз сокинони ноҳияи Ҳисор Фаррух Қаландаров, соли таваллудаш 1970, 480 грамм ва аз Латиф Самиев, соли таваллудаш 1966 44 грамм маводи нашъадори навъи “ҳашиш” дарёфт ва мусодира шуд”,-афзуд манбаъ.
Аз рӯи ин далелҳо бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.