баргард чоп кардан

Тошканд тадобири амниятиро баъди нооромии Киев пурзӯр кард

Дар пайи ноамниҳои Украина тадобири амниятӣ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбакистон пурзӯр карда шудааст.

Расонаи хабарии “УзНюз” аз афзоиши шумораи кормадони ҳифзи ҳуқуқи узбак дар кучаву хиёбонҳои Тошканд хабар дода, навиштааст, “аз рӯзи 19 феврал ба ин сӯ дар кучаҳо кормандони зиёди пулис ва мошинҳои ҳомили сарбозон ба чашм мехурад.”

Ба гуфтаи ин расона, дар ҷойҳое, ки қаблан як корманди пулис меистод, ҳоло 3-4 нафарӣ ҳузур доранд. Ронандаи узбак бо номи Ҳомид, мегӯяд, дар роҳҳои пойтахти Узбакистон дидбонгҳои иловагӣ бо ҳузури кормандони пулиси ва БДА ташкил шуда, тамоми мошинҳоро аз назар мегузаронанд. Инчунин ба гуфтаи Ҳомид, дар кучаву хиёбонҳои Тошканд мошинҳои сиёҳшишаеро низ дидан мумкин аст, ки ҳомили афрод бо либосҳои ғайринизомӣ буда, дар даст родию ё “ратсия” доранд.

Расонаи УзНюз менависад, ки одатан дар Узбакистон ҳангоми таҷлили санаи вижае, аз ҷумла Иди Қурбон ё Наврӯз тадобири амниятӣ пурзӯр карда мешавад. Вале ба навиштаи он, афзоиши шумораи кормандони низомию амнитии дар кучаҳои Тошкандро метавон ба ҳаводиси охири Украина раб дод. Ин ҳам дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Узбакистон ба ҳаводиси майдони Киев чашм пӯшида, об ба даҳон гирифтаанд.