4 кушта ва 3 захмӣ бар асари садамаи нақлиётӣ дар Истаравшан
Рӯзи 26 феврал дар шаҳри Истаравшан бар асари як садамаи нақлиётӣ 4 нафар ҷон бохта, 3 тани дигар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Бозрасии Давлатии Автомобилии Суғд иттилоъ доданд, ин садама дар километри 5-уми роҳи нақлиётгарди «Истаравшан-Ғончӣ» ба вуқӯъ пайвастааст. Гуфта мешавад, ронандаи нақлиёти тамғаи «Opel-Veсtra» - Ю.Н.-и 27-сола, сокини ноҳияи Ғончӣ аз ўҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ мебарояд ва дар натиҷа ба мошини тамғаи «Opel-Astra», ки таҳти идораи А.И.-и 47-сола будааст, бармехӯрад.
“Бар асари бархӯрди ду нақлиёти сабукрав ронандагон ва 2 мусофири он дар маҳалли ҳодиса ба ҳалокат расида, 3 мусофири дигар бо ҷароҳатҳои ҷисмонии бардоштаашон ба бемористон интиқол дода шуданд”,-афзуд манбаъ.