баргард чоп кардан

Хоруғ: 34-адад силоҳ ихтиёран ба мақомот супорида шуд

Баъд аз  корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Хоруғ 34 адад яроқи оташфишонро силоҳдорон ба мақомот супориданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, дар маҳаллаҳои мухталифи шаҳри Хоруғ аз тарафи сокинон  ба таври ихтиёрӣ, бе номнавис кардани насаб 34 адад яроқ супорида шуд. Ин силоҳҳо ба анбори нигоҳдории яроқу аслиҳаи шӯъбаи таъминоти моддӣ- техникӣ ва низомии раёсати корҳои дохилии ВМКБ  ирсол гардиданд, аз ҷумла 4-адад пулемёти дастии Калашников, 11-адад автомати Калашников, 1-адад карабини СКС ЮН №-4252 соли бароришаш 1946, 3-адад карабини истеҳсоли хориҷӣ, 3-адад карабини тамғаи «Бур» истеҳсоли Британияи Кабир, 11-адад таппончаҳои тамғаи «Макаров», 1-адад таппончаи истеҳсоли хориҷӣ ERMA WARKE буд,- афзуд манбаъ. {jathumbnail off}