Усенов: Зарурати аз Украина берун кардани қазоқистониҳо ба миён наомадааст
Алъон зарурати аз Украина берун кардани шаҳрвандони Қазоқистон ба миён наомадааст. Ин нуктаро Жанболат Усенов, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Қазоқистон зимни як брифинг изҳор доштааст.
Tengrinews.kz аз нақли Усенов навиштааст, ки ҳоло чораҳои берун кардани қазоқистониҳо аз Украина гузаронда намешавад. “Аммо вазъиятро зери назорат дорем. Агар зарурати берун кардани ҳамватанҳоямон ба миён биёяд, ин масъаларо ба баррасӣ мегирем. Вале ҳоло дар ин маврид ҳеч тасмиме гирифта нашудааст”,-афзудааст намояндаи расмии ВУХ.
Қаблан, ВУХ иттилоъ дода буд, ки миёни қурбониёни ҳаводиси Украина ҳеч шаҳрванди Қазоқистон нест.
1 март Шӯрои Федератсияи Русия якдилона барои ба президент Владимир Путин додани ҳаққи истифодаи неруҳои мусаллаҳ дар Украина то ба эътидол омадани вазъ раъй дод. Аммо парлумони Украина аз Путин хост, нерӯҳояшро вориди қаламраваш накунад. Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Қазоқистон аз ҷонибҳои дигар даъват кардааст, ки аз истифодаи нерӯ барои ба эътидол овардани вазъ дар Украина худдорӣ намоянд.