Мегафон ба муштариёни фаъолаш чиптаи ҳавопаймо медиҳад
Ширкати мобилии “МегаФон” иқдоми наверо ба роҳ мондааст, ки дар пайи он муштариёни фаъолаш метавонанд, соҳиби чиптаи ҳавопаймои хатсайри Русия шаванд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии “МегаФон”, чиптаи ҳавопайморо муштариёне ба даст хоҳанд овард, ки аз ҳама бештар бо муштариёни шабакаи “МегаФон”-и Русия сӯҳбат кардаанд. Манбаъ таъкид мекунад, дар умум 100 чиптаи ҳавопаймо ба бозӣ гузошта шуда, ҳар давоми як ҳафта 20 чиптаи ҳавопаймоӣ ба муштариён пешниҳод хоҳад шуд.
“МегаФон” мегӯяд, дар ин иқдом танҳо муштариёни дорои мақоми шахси воқеӣ имкони иштирок карданро доранд.