"Металлург" мизбони дидори “Равшан” ва “Сафо”-и Лубнон хоҳад шуд
Дидори тимҳои “Равшан”-и Кӯлоб ва “Сафо”-и Лубнон дар варзишгоҳи “Металлург”-и Турсунзода баргузор мешавад.
Ин бозӣ 11 март дар чорчуби даври гуруҳии Ҷоми АФК-2014 доир мегардад. Бино ба иттилои расида, дастаи “Равшан” барои омодагӣ ба ин дидор 5 март ба Турсунзода сафар мекунад.
Бозии “Равшан” ва “Сафо”-ро ҳайати доварон аз Покистон назорат хоҳанд кард.