ВИДЕО: Сипоси пулиси Русия ба "3 мушкетёри тоҷик” барои наҷоти Солеҳова
Мақомоти пулиси Бошқирдистони Русия ба донишҷӯёни тоҷик, ки дар шаҳри Уфа як занро аз дасти ғоратгар наҷот додаанд, ифтихорнома ва номаи сипос додаанд. Ҷавонони тоҷик дар Уфа 120 000 рубли дуздиро пеш аз пулис ёфтаанд Ин донишҷӯёни тоҷик дар сардии беш 30 дараҷа Гулнора Солеҳова ро танҳо нагузошта, ғоратгарро, ки ҷузвдони занро бо 120 ҳазор рубл дуздида гурехтааст, боздошт намудаанд. Дар суҳбат бо расонаҳои русӣ донишҷӯёни тоҷик ин корашонро муқаррарӣ арзёбӣ карда, таъкид намудаанд, ки тибқи тарбияи дар Тоҷикистон гирифтаашон ягон касро набояд дар мушкилӣ танҳо гузошт. Садорати Донишгоҳи давлатии нафти Бошқирдистон барои ин муҳассилини тоҷикаш алакай мукофотпулӣ ҷудо намудааст. VIDEO
Моро ҳамроҳӣ кунед: Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK) Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)