Тавсияи "Ампаро" барои яксола кардани хидмат дар Артиш
Гуруҳи ташаббускорони - “Ампаро” аз азми Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои лағви “облава” ҳимоят карда, ҳамчунин пешниҳод кардаанд, муҳлати хидмати ҳарбӣ дар кишвар як сол кам карда шавад.
Ин созмони ҳуқуқӣ бар ин аст, барои дар амал татбиқ шудани ин дастури Эмомалӣ Раҳмон бояд, баробари коҳиши муҳлати хидмати ҳарбӣ зарур аст, падару модарони сарбозон, созмонҳои иҷтимоӣ ва рӯзноманигорон ба воҳидҳои низомӣ дастрасӣ дошта бошанд: “Кормандони комиссариатҳои ҳарбие, ки аз усули маҷбурии даъвати ҷавонон ба сафи артиш истифода мекунанд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”
“Ампаро”,ки дар гузашта як созмони дифоъ аз ҳуқуқи наваскарон буд, ду соли пеш бо дархости раёсати адлияи вилояти Суғд расман мамнуъ эълон шуд ва феълан аъзои ин созмон ба сифати ташаббускорон фаъолият мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи рӯзи 26 феврали ҳукумат, як бори дигар дастур дода буд, то усулҳои ғайриқонунии даъват ба Артиш, яъне “облава”, комилан аз байн бурда шавад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид карда буд, “барои бо сифати баланд анҷом додани тадбирҳои даъват аз усули тарғибу ташвиқ ва тарбияи ҳисси ватандӯстию масъулиятшиносии ҷавонон васеъ истифода карда шавад”.
То кунун дар Тоҷикистон барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ бештар аз роҳи маҷбурӣ истифода мешуд, ки борҳо мавриди интиқоди ҳомиёни ҳуқуқи башар қарор гирифтааст. Худи мақомоти тоҷик низ вуҷуди "облава"-ро тасдиқ карда, далел пеш меоварданд, ки саркашии ҷавонон боиси даъвати иҷборӣ шудааст. Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)