VIDEO: Сӯҳбати хабарнигори “Озодагон” бо сафири Украина
Сӯҳбати Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Виктор Никитюк -- сафири Украина дар Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси ахири Украина ва муносибати Киеву Душанбе.
Никитюк: “Аз ҳукумати ҷадид чӣ интизорем? Албатта, иҷро кардани вазифаву рисолати худ, идора кардани вазъият. Бартараф кардани нофаҳмиҳо то баргузории интихоботи президентӣ аст. Интихоботи президентии пеш аз муҳлат дар Украина 25 май баргузор хоҳад шуд.”
Озодагон: Русия дар баъзе маврид мегӯяд, дар Украина неофашистҳо, бандерҳо ва терорристҳо сари қудрат омадаанд...
Никитюк: “Бори дигар мегӯям, ин иттилои дурӯғи ҷониби Русия аст. Дар Украина ҳеч нерӯи фашистӣ, терорристӣ ва бандерӣ сари қудрат наомадааст.”
Озодагон: Дар мавриди Қрим ҳам мехостам, суол кунам. Баъзе аз коршиносон ба ин назаранд, ки Русия ҳуқуқи дахолат кардан ба умури дохилии Украинаро надошт. Шумо чӣ мегӯед?
Никитюк: “Нахуст мехостам ба ин амали Русия баҳои ҳуқуқӣ бидиҳам. Тибқи меъёрҳои байналмиллалӣ метавон гуфт, Русия бар зидди давлати мустақил ва комилҳуқуқи Украина амалиёти ҳарбӣ анҷом дод. Албатта, бо ин амал Русия як қатор бандҳои аслии созишномаҳои байналмилалиро поймол кард, ин қарори Созмони Милал, санади САҲА (ОБСЕ) аз соли 1975 ва дигар аснод. Русия бо ин амали хеш ҳатто созишномаи дуҷонибаро инкор кард. Илова бар ин, кафолати комилҳуқуқӣ ва мустақилияти ҳудуди Украина зери хатар гузошта шуд. Ин ҳамаи паҳлуи ҳуқуқии дахолати Русия ба вазъи Украина буд.”
Озодагон: Паҳлӯи сиёсии амали Русия чӣ гуна аст?
Никитюк: “Ҷиҳати сиёсӣ ин аст, ки он ҳама далелу даъвоҳое, ки Русия овард, ки гӯиё барои ҳифзи манфиати русзабонҳо чунин кореро анҷом дод, ҳеч воқеият надошт. Ҳар инсони солим метавонад ҳар лаҳза ба Украина сафар кунад ва мутмаин гардад, ки суханҳои Русия беасос ҳастанд. Русия ҳаққи истифодаи нерӯи мусаллаҳ дар Қримро надошт.”
Озодагон: Аммо Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар нишасти матбуотии худ гуфт, бо дархости Виктор Янукович нерӯи худро барои кумак фиристодааст...
Никитюк: “Виктор Янукович чунин ҳақро надошт. Ба хусус ҳангоми дар фирор буданаш. Тибқи меъёрҳои қонунӣ раисиҷумҳур танҳо замоне метавонад дархости кумакӣ ҳарбӣ кунад, ки агар дар ин маврид парлумон қарор қабул карда бошад. Аммо парлумони Украина чунин қарорро қабул накарда буд, ҳатто мавриди баррасӣ қарор надодааст. Чун он замон Янукович фирорӣ буд. Пас, Русия чӣ ҳақ дорад, то бо дархости президенти фирорӣ, “кумак”-и ҳарбии худро фиристад? Гузашта аз ин касе наметавонад тасдиқ бикунад, ки аз тарафи Виктор Янукович чунин дархост сурат гирифтааст ё на. Суханҳои Владимир Путин маънои онро надорад, ки мо ба он эътимод кунем. Ҷониби Украина ба Русия муроҷиат кард, то санадеро дар мавриди исботи ин дархост пешниҳод кунад. Табиист, ки Русия чунин як санадеро ба мо дастрас накард.”
Озодагон: Гуфта метавонед, ки бо сари қудрат омадани ҳукумати ҷадид муносибат бо Тоҷикистон чӣ гуна хоҳад буд?
Никитюк: “Бояд бигӯям, ки муносибат бо Тоҷикистон бо ивазшавии ҳукумат ҳеч тағйир нахоҳад ёфт. Дар Украина ба Тоҷикистон ва тоҷикон, фарҳанги ин кишвар эҳтиром мегузоранд. Ман ҳамчун намояндаи украиниҳо низ эҳсос мекунам, ки ҷониби Тоҷикистон низ чунин муносибат дорад. Ва мутмаинам, ки дар оянда равобит ва ҳамкорӣ беҳтар хоҳад шуд. Тоҷикистон ва Украина ҳамкории худро дар доираи ҳамин арзишҳо идома хоҳанд дод.”
Озодагон: Ҳаводиси Украина ба кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон чӣ таъсир хоҳад дошт?
Никитюк: “Воқеаҳои Украина ба кишварҳои берун равона нашудаанд. Он воқеаҳо натиҷаи талошҳо барои барқарор кардани демократия ва адолат дар ҷомеаи худи Украина буд. Он воқеаҳо барои он буд, ки тамоми мақомот ва ниҳодҳо барои ҳамгироии Украина бо Аврупо мусоидат намоянд. Ин ҳадафи феълии мардуми Украина аст. Агар воқеаҳои Украина ба кишварҳои пасошӯравӣ ва ё Тоҷикистон таъсире дошта бошад, пас он ҳатман таъсири мусбат хоҳад буд.”
Озодагон: Расонаҳои хабарӣ аз номзади аввал дар интихоботи пеш аз муҳлати Украина хабар доданд. Дар мавриди ширкати Юлия Тимошенко дар интихоботи президентӣ чӣ назар доред?
Никитюк: “Ба назари ман, ин як раванди табиӣ ва қонунӣ аст. Ҳар як роҳбари сиёсӣ, сиёсатмадор метавонад номзадии худро пешниҳод кунад. Аз ин хотир, ман ба ин ҳамчун як меъёри муқарраршудаи ҷомеаи демократӣ менигарам.”