баргард чоп кардан

12.000 китобҳои тозанашри Эрон ба китобхонаҳои Тоҷикистон тақдим гардиданд

Тайи як соли ахир ба фонди китобхонаи миллӣ  аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хориҷии муқими пойтахт 15.468 нусха адабиёти гуногунмазмун ворид гардид.


Тавре ба  «Озодагон» аз вазорати фарҳанг хабар доданд, бо мақсади мукаммалгардонии фонди китобхонаи миллӣ бо адабиёт ва матбуоти даврии ватаниву хориҷӣ аз фонди захиравии президент  543.586 сомонӣ ҷудо шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи барномаи рӯзҳои фарҳанги ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ба китобхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор нусха китобҳои тозанашри чопи Эрон, 1500 баста CD-и компютерӣ ва бозиҳои компютерӣ эҳдо гардидааст. Ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара, Ҷ.Расулов, Конибодом, Ашт, Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Роғун, Файзобод 35.597 нусха китобҳои тозанашр ба маблағи умумии 331.904 сомонӣ ройгон тақдим гардид,-афзуд манбаъ.{jathumbnail off}