баргард чоп кардан

АКС: Ширкати Зайд Саидов то Наврӯз мактаби нав ба истифода медиҳад

Мактаби нави таҳсилоти миёнаи рақами 8, ки аз ҷониби ширкати марбут ба Зайд Саидов-“Тоҷсохтмон-байналмилал” бо маблағгузории давлат бунёд гардидааст, расман 18-уми март ифтитоҳ мегардад.

Тибқи иттилои Ҳамидуллохон Фақиров, сардори раёсати маорифи Душанбе мактаби нав барои 1 ҳазору 354 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Ӯ гуфт ба мактаби нав бозгашти тамоми хонандагону омӯзгорони мактаби куҳнаи рақами 8 дар назар буда, мактаби рақами 14 низ ба бинои нав интиқол меёбад.

Масъулини маориф мегӯянд, аллакай баъди иди Наврӯз дар мактаби нав дар маҷмуъ 1652 хонанда бо таълим фаро гирифта хоҳанд шуд. Мактаби нави рақами 8 аз 6 бино, аз ҷумла 59 синфхонаи дарсӣ, утоқҳои рақсию компютерӣ, толори варзишӣ, ошхонаи калон, маҷлисгоҳ ва ҳавзи шиноварӣ иборат аст.

Ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” дар гузашта инчунин сохтмони баландтарин бинои Тоҷикистон, “Душанбе-Плаза” ва чандин биноҳои муосирро ба анҷом расондааст. Аммо баъди боздошти Зайд Саидов дар моҳи майи соли 2013 Оҷонсии зидди фасод ба тафтиши ин ширкати сохтмонӣ пардохта, эълон намуд, ки он ба буҷаи давлат 38 миллион сомонӣ зарар расонидааст. Аммо бархе аз таҳлилгарон боздошту иттиҳомот алайҳи Зайд Саидов ва ширкатҳои марбут ба ӯро сохта ва дорои ангезаи сиёсӣ арзёбӣ карданд, чун ҳамагӣ баъди як моҳи эълони Зайд Саидов барои таъсиси ҳизби сиёсӣ сурат гирифтанд.