Сипоси Матвиенко ба Эмомалӣ Раҳмон барои пуштибонӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо раиси Шӯрои федералии Русия таъкид намудааст, ки барои густариши ҳамкории ду кишвар феълан 240 санади муштарак имзо шудаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳамгироии сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дурнамои рушди ҳамгироиҳои фарҳангию гуманитарӣ табодули назар кардаанд.
Ба иттилои манбаъ Валентина Матвиенко аз ҷумла изҳор дошт, ки «Мо ба Тоҷикистон, хусусан ба сарвари он барои дастгирии ҳамаҷонибаи забони русӣ, дастгирии давлатии ҷараёни паҳншавӣ ва истифодаи он изҳори миннатдорӣ менамоем».
Зимни мулоқот таъкид гардидааст, ки ҳоло қариб 80 минтақаи Русия бо минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон робитаҳои бевоситаи ҳамкорӣ доранд.
Сафари кории дурӯзаи Матвиенко дар Душанбе идома дорад ва интизор меравад, ки ӯ аз сафорати Русия ва пойгоҳи 201 дар Тоҷикистон боздид кунад.