баргард чоп кардан

Сафорат барои таҳсил дар Эрон довталаб меҷӯяд

Сафорати Эрон дар Душанбе мегӯяд, хоҳишмандони таҳсил дар Эрон метавонанд, то 15-уми март ҳуҷҷатҳои худро дар бахшҳои гуногун пешниҳод кунанд.

Оқои Асғарӣ, масъули бахши фарҳанг ва илми сафорати Эрон дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то ҳол зиёда аз 300 довталаби тоҷик, ҳуҷҷатҳоро пешниҳод карда, 15-уми март озмун баргузор мегардад ва дар натиҷаи он беҳтаринҳо интихоб хоҳанд шуд.

Ин масъули сафорати Эрон қайд намуд, ки ғайр аз риштаи пизишкӣ дар дигар бахшҳо вобаста ба интихоби довталаб озмун гузаронда мешавад: “Чун бахши пизишкӣ имсол пешбинӣ нашудааст, ҳар нафаре, ки дар бахши пизишкӣ ҳуҷҷат супоридааст, метавонад дигар риштаро интихоб кунад”.
Оқои Асғарӣ мегӯяд, тибқи тавофуқоти дуҷониба соли равон 250 нафарро барои омӯзиш ба Эрон мефиристанд, ки ин шумора дар муқоиса ба соли пешин зиёд нашудааст.

Номбурда иброз дошт, ки имсол таваҷҷӯҳи довталабони тоҷик барои таҳсил дар Эрон нисбати солҳои пешин зиёд шудааст. Саодат Гадоева, муовини директори Маркази барномаҳои байналмилии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, довталабони тоҷик барои таҳсил дар Эрон бештар ба бахши пизишкӣ таваҷҷӯҳ доранд, вале имсол ҷониби Эрон бурсия дар ин бахшро пешниҳод накардааст.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи хабаргузории “Форс” ҷониби Эрон барои қабули 1000 донишҷӯ аз Тоҷикистон ба таври ғайрибурсӣ изҳори омодагӣ кардааст, аммо Вазорати маорифи Тоҷикистон дар ин бора то ҳол чизе нагуфтааст. Саодат Гадоева аз омодагии Эрон барои пазироии 1000 донишҷӯ аз Тоҷикистон изҳори беиттилоӣ намуда, гуфт, чунин маълумот ба Вазорати маориф ва илм нарасидааст.