баргард чоп кардан

Раҳмон бо Арғандивол додугирифти газу барқро баррасӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Абдулҳодӣ Арғандивол, вазири иқтисоди Афғонистон, татбиқи лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистонро барррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо инчунин ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, афзун намудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва ба мувофиқа расондани лоиҳаи Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистонро дар бораи тиҷорати транзитӣ зарур шумориданд.

Манбаъ афзуд, зимни мулоқот таъкид гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон 234 донишҷӯй аз Афғонистон таҳсили илм доранд ва беш аз 200 нафар табибон аз Тоҷикистон ба мардуми афғон хизмат мерасонанд: “Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба ҳамкории ду кишвар барои таъмини амну субот дар минтақа ва хусусан дар марзи муштараки давлатӣ зоҳир гардид.”