баргард чоп кардан

Тошканд зидди CASA-1000 баромад

Вазорати иқтисоди Узбакистон зидди лоиҳаи хатти интиқоли барқи CASA-1000 баромада, таъкид намудааст, ин лоиҳа оянда надорад, чун асоснокию амнияти он таъмин нест.

Ин ниҳод бо нашри як матлаб дар бораи CASA-1000 зидди ҳимояти Бонки Ҷаҳонӣ ва оғози татбиқи ин лоиҳа аз тобистони соли равон баромадааст. Коршиносони узбак С. Жигарев ва Д. Кулбацкий дар пайи таҳлили вазъи энергетикаи Тоҷикистону Қирғизистон таъкид мекунанд, ин кишварҳо тавони содироти барқро надоранд, чун ҳатто талаботи дохилиро таъмин карда наметавонанд.

Инчунин коршиносони узбак муътақиданд, ки зимни ин лоиҳа на ҳамаи хатарҳои техникию иқтисодӣ ба назар гирифта шудаанд ва илова мекунанд, ки даромад аз ин лоиҳа хароҷоташро намепӯшонад.

Вазорати иқтисоди Узбакистон хулоса кардааст, ки сохтмони CASA-1000 ба бунёди Роғуну Қамбарота вобастагӣ дорад, ки вазъи идораи обро дар минтақа якбора шиддат мебахшад. Ин ниҳод таъкид мекунад, ки дар бораи зарари Роғун дар гузоришҳои қаблияш муфассал маълумот додааст.

Ахиран дар Вашингтон Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон созишнома дар бораи лоиҳаи CASA 1000-ро ба имзо расонданд, ки бар асоси он Қирғизистону Тоҷикистон вазифадор шудаанд, тариқи қаламрави Афғонистон ба Покистон ҳамасола 700 мегаватт нерӯи барқро интиқол медиҳанд.

Интизор меравад, ки сохтмони он амалан моҳи июни соли 2014 оғоз шуда, то 5-6 сол идома кунад. То ҳол барои маблағгузории “CASA 1000” Амрико, Британия, Австралия, Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои дигар изҳори омодагӣ кардаанд.