Салимзода гуфт, зидди намоишкорӣ дар тоҷикӣ кардани насаб аст
Дар пасманзари маъракаи густурдаи тоҷикӣ кардани ному насаб ва лағви пасвандҳои “ов”-у “ович”, ки махсусан миёни мансабдорон роиҷ шудааст, хабаргузории “Озодагон” аз коршиносон омилҳои авҷ гирифтани ин равандро дар вақтҳои охир суол кард:
Олимҷон Салимзода, вакили парлумон
Он, ки мардум ба тоҷикӣ кардани ному насаби худ таваҷҷуҳ кардаанд, ин кори онҳо ҳаст. Вале аз он раванде, ки ин шабу руз идома дорад, барои ман хушоянд нест. Барои мисол ман 10 сол қабл тасмим гирифтам, ки насабамро аз Салимов ба Салимзода табдил диҳам. Рафтам ҳамон идора ва хостаамро амалӣ кардам. Ба касе ҳам нагуфтам. Барои ман нофаҳмо аст, ки чаро имрӯз баъзе аз масъулин тоҷикӣ кардани насаби худро эълон мекунанд. Шояд аз сабаби он, ки шахсони расмӣ ҳастанду мардум ҳангоми муроҷиат иштибоҳ накунад гуфта хабар медиҳанд. Вале ман тарафдори чунин як маърака нестам. Ман тарафдори он нестам, ки ба тоҷикӣ баргаштани насабро ба чунин маъракаи хабарӣ табдил бидиҳем. Тоҷикӣ кардани ном дар асл бадие надорад.
Шоҳин Самадӣ, котиби сеюми вазорати корҳои хориҷӣ
Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.
Ҷалолиддини Балхӣ
Сабаби иваз кардани насабам ба шакли тоҷикӣ пеш аз ҳама хоҳиши баргаштан ба асли хеш буд. Ҳангоми рӯзноманигориям бо номи Шоҳин Самадӣ менавиштам. Бисёр шодам, ки ин корро, дерам бошад, кардам. Агар аҳамият дода бошед абармардони адабиёти тоҷику форс номҳояшон миллианд. Ҳатто он нафароне, ки дар даврони Шӯравӣ кору фаъолият мекарданд зери эҷодиёти худ номҳои тоҷикиашонро мегузоштанд. Ҳамчунин бештари рӯзноманигорони чирадасти тоҷик бо номҳои тоҷикӣ менависанд, аммо дар асл, дар ҳуҷҷат ному насабашон дигар аст. Дар Озодагон низ ҳастанд ингуна нафарон, умедвори онам, ки ин рӯзноманигорон низ дар ҳуҷҷатҳояшон номҳои худро иваз мекунанд. Бо гуфтаҳои Гавҳар Шарифзода дар бобати рисолати ҳар як тоҷик барои иваз кардани номҳо сад дар сад розиям ва ҷонибдории он касро мекунам, ки барои ин гуфтаҳояш бештари мардуми ноогоҳ танқидаш карданд. Бояд фахр кард, ки њукумати кишвар имрӯз ба ин масъала аҳамияти хоса медиҳад ва аъзои њукумат бо иваз кардани номҳои худ ба шакли тоҷикӣ намунаи ибрат мегарданд.
Ёқуби Саид, дабири сомонаи хабарии “Ормон”
Агар риёкорӣ набошад, беҳтарин иқдом аст. Вале мушоҳида мекунам, ки ба таври дастаҷамъона иваз кардани ному насаб он ҳам аз ҷониби мансабдорон он қадар холисона наменамояд. Иваз кардани ному насаб набояд ба як маъракаи густурда ба монанди “Саҳмияи Роғун” табдил ёбад. Хоҳиш ва ихтиёри фитрии ҳар нафар аст, ки бо ному насабаш чӣ кор мекунад.
Мақомдорони кишвар баъд аз интиқоди Шерхон Салимзода, додситони кулл, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат, ки тоҷикӣ накардани насабро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида донист, дарҳол ба тағйири насабашон гузаштанд.