баргард чоп кардан

Фармони президент дар бораи даъвати наваскарон: “Облава” намешавад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди даъвати баҳории наваскарон ба хидмати ҳарбӣ фармон баровардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дод, хизматчиёне, ки муҳлати хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба эҳтиёт рухсат дода шаванд ва тибқи ин фармон, “моҳҳои апрел-майи соли 2014 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват карда шаванд."

Эмомалӣ Раҳмон Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистонро вазифадор намудааст, ки омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намояд.

Ин дар ҳолест, дар остонаи маъракаи наваскарон Эмомалӣ Раҳмон, таъкидан ба масъулин супориш дод, ки аз роҳҳои ғайриқонунии ҷалби наваскарон ба артиш кор набаранд. Дар пайи ин супориш бархе аз таҳлилгарон интизоранд, ки имсол “облава” коҳиш хоҳад ёфт.