Ғолибони озмуни “Телеком илҳом мебахшад” эълон шуданд
Ғолибони озмуни “Телеком илҳом мебахшад”-и ширкати мобилии “МегаФон” эълон гардиданд. Ин ширкат бо баргузории чорабиние, рӯзи 14 март барандагони озмуни худро дар шаҳри Душанбе муайян карда, мақоми аввалро ба Абдуазими Абдуваҳоб, хабарнигори ҳафтаномаи “Нигоҳ” додааст.
Тавре хабарнигори “Озодагон” иттилоъ дод, ба мақоми дуюм, Зарангези Наврузшоҳ, хабарнигори “Озодӣ” ноил шуда, ҷои сеюм насиби Меҳрангез Турсунзода, хабарнигори “Азия плюс” гардидааст. Барои мақоми аввал аз ҷониби “Мегафон” “Планшет” туҳфа гардида, барои ҷойҳои дуюму сеюм телефони мобилӣ тақдим гардидааст.
Ҷоизаи махсуси ин озмунро барои анҷоми таҳқиқот дар бораи таҳавуллоти расонаӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон Исфандиёри Одина, хабарнигори Би-Би-Сӣ ба даст овардааст. Манбаъ мегӯяд, дар қатори навиштаи чанд расонаи дигар, ду матлаби “Озодагон” бо номҳои “Фейк ё номҳои дурӯғин дар Фейсбук. Кӣ дар хидмати кӣ?” ва “Сӯҳбатҳои телефонии моро "гӯш" мекунанд?” дар озмуни мазкур аз беҳтаринҳо ҳисобида шуданд.