Ҷоми ФФТ: “Истиқлол” ва “Хайр” ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд
Баъди анҷоми даври дуюми марҳалаи гуруҳии сабқати Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин дастаҳое, ки ба плей-офф роҳ ёфтанд, маълум гардид.
Тими “Истиқлол”-и Душанбе (гуруҳи “А”) ва дастаи “Хайр”-и Ваҳдат (“В”) қабл аз анҷоми ин марҳала ширкати худро дар қисмати ниманиҳоӣ таъмин карданд.
Номи ду дастаи дигар имрӯз, 15 март муайян мешавад.