Боздошти муттаҳамон дар куштори як хонавода дар маркази Душанбе
Шаби 14 ба 15-уми март дар маркази Душанбе хонаводаи Ашӯр Акобиров, аз ҷумла як духтари 7-солааш ба қатл расидаанд.
Тавре манбаи “Озодагон” иттилоъ дод, ҳодиса тақрибан соати 2:00-и шаб дар кӯчаи Деҳлавии ноҳияи Шоҳмансур бар асари як муноқиша байни Ашур Акобиров ва як гуруҳ, ки ба хонааш омадаанд, сар задааст: “Дар пайи муноқиша ин гуруҳ соҳибхона Акобировро бо ҳамсараш кушта, баъдан хонаашро оташ мезананд. Дар натиҷаи сухтор духтари 7 солааш, ки хоб будааст, фавтидааст.”
Манбаи “Озодагон” таъкид намуд, ки кушташуда дар Душанбе ба фурӯши оби ҷав машғул будааст. Ӯ афзуд, феълан ба иттиҳоми куштори ин хонавода ду шаҳрванди рустабори Тоҷикистон боздошт шудаанд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сар задани чунин як қазияро таъйид намуда, афзуд, ки феълан тафтишот идома дорад.