Нигаронии Маркази миллии тестӣ аз таваҷҷуҳи ками довталабон
Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон, ки имсол масъулияти қабули довталабон ба донишгоҳҳои кишварро ба дӯш дорад, аз тавҷҷуҳи ками довталабон шикоят доранд.
Ситорабону Назарова, сухангӯи ин марказ имрӯз, 17-март дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин мушкил вуҷуд дорад ва ҳоло масъалаи кам омадани довталабон барои бақайдгирӣ мавриди баррасӣ қарор дорад: “Рӯзи 15-уми март дар ҷаласаи кории Вазорати маориф ва илм, ки дар он мудирони шӯъбаҳои маориф иштирок доштанд, ин масъала бардошта шудааст ва мо дар ин масъала бо шӯъбаҳои вазорати маориф кор бурда истодаем, умедворем, ки ин мушкил ҳалли худро меёбад”.
Масъулини ин марказ мегӯянд, интизор доштанд, ки то миёнаи моҳи март 20 ҳазор довталаб худро дар нуқтаҳои марказ барои дохил шудан ба донишгоҳҳо ба қайд мегиранд, вале ин шумора ҳамагӣ 11 ҳазорр ташкил додааст, ки боиси нигаронист: “Агар чунин ҳолат идома ёбад рӯзҳои охири бақайдгирии довталабон имкони дар навбат истодани онҳо шояд зиёд шавад”.
Ин дар ҳолест, ки қарор аст соли равон ҳудуди 100 ҳазор нафар мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро хатм кунанд ва то анҷоми муҳлати бақайдгирии довталабон ҳамагӣ 29 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Сабтиноми довталабон дар Макази милли тестӣ аз 1-уми март шурӯъ гардида, то 15 –уми апрел идома меёбад.
Тибқи иттилои Маркази Миллли тестӣ, феълан барои сабти номи довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 11 шаҳру ноҳияи кишвар 20 нуқтаи бақайдгирӣ, аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 7 нуқта, дар вилояти Суғд 6 нуқта, дар вилояти Хатлон 6 нуқта ва дар Бадахшон 1 нуқта таъсис дода шудааст.