Кумитаи амният куштори ду “моҳигир”-и афғон ва сарбози тоҷикро шарҳ дод
Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як иттилоия куштори ду қочоқчии афғон, ки дар расонаҳо ҳамчун “моҳигир” инъикос шудаанд, шарҳ додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, асли воқеа чунин аст, ки 12 марти соли равон дар минтақаи сарҳадии Кокули ноҳияи Ҳамадонӣ, марзбонони тоҷик ҳангоми иҷрои вазифаи хизматияшон кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон пешгирӣ намуданд: “Дар натиҷа байни сарҳадбонон ва қочоқбарон задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад, ки дар ҷараёни он ду нафар аз қочоқбарон ба ҳалокат расида, 2 нафари дигарашон ба самти Афғонистон фирор намуданд.”
Идораи марзбонии Кумитаи амният таъкид мекунад, ки маҳз дар ҳамин минтақа 21 феврали соли ҷорӣ як гурӯҳи қочоқбар аз марзи Афғонистон вориди Тоҷикистон гардида, дар пайи даргирӣ як марзбони 20-солаи тоҷик Маъруфов Сироҷиддин Абдусаломовичро ба ҳалокат расонданд.
Ин дар ҳолест, ки мақомоти Афғонистон қаблан эълон намуд, ки марзбонони тоҷик 4 моҳигири афғонро, ки ҳатто марзро убур накарда буданд, ҳадафи типарронӣ қарор дода, ду нафарашонро ба қатл расондаанд.
Аммо мақомоти тоҷик мегӯяд, ин масъала бо сарҳадбонони Афғонистон муҳокима гардида, ҳар ду ҷониб ба хулоса омаданд, ки ҳамкориро барои пешгирии қочоқи маводи мухаддир ва мубориза бо гӯруҳҳои ҷиноятпеша минбаъд васеътар ба роҳ хоҳанд монд.