Усмонов: Ҳамҳизбашонро гӯш намекунанд, чӣ расад ба ҳизби дигар...(ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон азм дорад, то маҳфиле бо ширкати аҳзоби сиёсии кишвар баргузор намояд. Усмонов дар шарҳи ин тасмимаш ба “Озодагон” гуфт, ки чунин зарурат вуҷуд дорад, аммо ӯ феълан муътақид нест, ки аҳзоби сиёсии кишвар тоқати шунидани ҳарфи якдигарро доранд. Ҳадафи дигарашро Усмонов аз баргузории ин маҳофили сиёсӣ муайян сохтани нақши ин ё он ҳизб дар солҳои 90-уми асри гузашта гуфт:
“Ман аслан намедонам, ки Ҳизби комунистии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ чӣ мавқеъ дошт. Гап сари коммунистҳо намеравад. Гап сари ҳизб меравад. Умуман фаҳмиши мо дар бораи аҳзоби сиёсӣ якранг нест. Барои мисол мо дар Тоҷикистон як ҳизби демократӣ ба вуҷуд овардем, ва ҳоло се ҳизби демократӣ фаъолият мекунад. Ин Ҳизби демократии платформаи Душанбе, платформаи Алма-ато ва платформаи Теҳрон. Вақте ҳизбҳо ҷамъ шуданд, касоне ба қудрат омаданд, ки аслан барои ташкили ин ҳизб дахл надоштанд. Барои ман фақат як савол вуҷуд дорад, ки онҳое, ки дар бораи ҳизбҳояшон гап мезананд, ё онҳое, ки дар бораи ҳизб гап мезананд, оромона ҳарфашона гуфта ва гапро қабул карда метавонанд ё не. Ҳар вақте эҳсос кардам, ки мо метавонем суҳбат бикунем ва барои шунидани гапи якдигар омода ҳастем, дуруст гап зада метавонем, он вақт маҳфил меороем.
Озодагон: Яъне мавзӯи суҳбат атрофи мавҷудият ва фаъолияти аҳзоби сиёсӣ хоҳад буд?
И. Усмонов: “Умуман, атрофи он суҳбат хоҳад буд, ки ин ҳизбҳо чӣ қудрат доранд, чӣ гуна метавонанд барои ободии кишвар кӯмак кунанд. Гуфтугуҳо атрофи он мешавад, ки аз паёмҳои сиёсӣ ба ҳизби парлумонӣ наздик шуда метавонанд ё не.”
Озодагон: Ишора бар он доштед, ки ин маҳфилҳо дар сурате баргузор мешаванд, ки агар ҳизбҳои сиёсӣ омода бошанд. Ба ибораи дигар ҳоло аҳзоб омода нестанд, то ҳарфи якдигарро бишнаванд?
И. Усмонов: Ман гумон мекунам, ки ҳизбҳои мо ҳар кадом дар ҳамон қолаби худ ҳастанд. Баъдан он ҳизбҳое, ки ба платформаҳо ҷудо шудаанд, ба ҳарфи якдигар гӯш намедиҳанд. Онҳо ба ҳарфи ҳамҳизбиашон гӯш намедиҳанд, чӣ расад ба ҳизби дигар.”
Озодагон: Дар маҳфили мазкур ҳангоми муарифии ин идея, ширкатдорон ишора доштанд, ки барои баргузории ин гуна маҳофил ҳоло 10 соли дигар лозим аст...
И. Усмонов: “Шояд онҳо дуруст мегӯянд. Мумкин онҳо шинохти бештар доранд. Аслан, ман ҳам савол додам, ки чунин маҳфил бошад ё на? Чунки ман ҳам шубҳа дорам, ки ҳизбҳои мо барои гуфтану шунидани гапи якдигар омода ҳастанд. На танҳо ҳизбҳо, маълум нест, ки мо ҳам омода ҳастем ё не. Ман атрофи ин масъала фикр мекунам, агар худамро бовар кунонида тавонистам, шубҳаҳоро бартараф кардам, баъд ба ҳизбҳои сиёсӣ пешниҳод мекунам.”
Озодагон: Агар рафту худро муътақоид карда тавонистед, пас баргузории ин гуна маҳофил кай дар назар аст?
И. Усмонов: “Агар худро бовар кунонидам, дар нимсолаи дувум чанд маҳфили мо ба ин мавзуъ бахшида хоҳад шуд.