Даргузашти собиқадори футболи тоҷик дар сини 67-солагӣ
Геннадий Черевченко, яке аз собиқадорони футболи тоҷик ва ҳимоятгари пешини дастаи футболи “Помир”-и шаҳри Душанбе дар сини 67-солагӣ аз олам даргузашт.
Черевченко 16 марти соли 1948 дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омада буд. Вай нахустин бозиҳои худро дар тими футболи “Пахтакор”-и Қурғонтеппа оғоз кардааст.
Геннадий Черевченко соли 1969 ба ҳайати дастаи футболи “Помир” шомил мешавад. Ӯ дар ин даста дар беш аз 563 бозӣ иштирок карда, 22 бор тӯбро ба дарвозаи ҳарифонаш ворид кардааст. Соли 1996 ба ҳайси мурраббии тими “Индустрии”-и Бровски Русия таъйин шуда, мураббии дастаи футболи “Локомотив”-и шаҳри Маскавро низ як муддат ба зимма дошт.