Амрико барои беҳбуди мухобирот миёни хизматчиёни қушунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон 3,6 миллион доллар равона кардааст.
Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Душанбе ин маблағ барои бозсозӣ ва муҷаҳаз кардани Маркази миллии хизматрасонии васоити мухобироти сохторҳои қудратии назди баталиони алоқаи неруҳои марзбонӣ сарф шудааст, ки имрӯз, 19-уми март дар ҳузури сафири Амрико Сюзан Эллиотт ва фармондеҳи қушунҳои сарҳадӣ генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба истифода дода шуд.
Сюзан Эллиот зимни маросими ифтитоҳ гуфт, маркази муҷҷаҳазшуда имконоти ниҳодҳои қудратӣ ва ҳукумати Тоҷикистонро зимни ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирии хатарҳо дар марз васеътар мекунад.