“Истиқлол”-и Душанбе соҳиби Ҷоми ФФТ шуд
Дар вохӯрии ниҳоӣ барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар майдони марказии Душанбе дастаи “Истиқлол” тими “Хайр”-и Ваҳдатро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.
Дар ин бора ба “Озодагон” Рустам Ҳакимов, котиби матбуотии «Истиқлол» хабар дода, афзуд, ки бозигарони «Истиқлол» аз аввал ба пирӯзии худ боварӣ доштанд.
Ҳакимов Ҷоми ФФТ-ро дастоварди хуб гуфта, таъкид намуд, ки “Истиқлол” ният дорад, тамоми ҷому ҷоизаҳои имконпазири ҷумҳуриро дар мавсими имсола ба даст орад.