Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 20-уми март дар мулоқот бо зиёиёни тоҷик аз тангназарии афроде интиқод намуд, ки зидди Наврӯз баромад мекунанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, мулоқотро аз табрики зиёиён бо Наврӯз оғоз намуда, афзуд,
“ашхосе, ки имрӯз бар зидди ин ҷашни мардумӣ сару садо баланд мекунанд, тақдири миллат барои онҳо комилан аҳамият надорад. Чунин ашхос ё сахт мутаассибу тангназар ҳастанд ё таърихи миллат, расму ойинҳои аҷдодӣ ва арзишҳои ҷовидонӣ барояшон муҳим нест.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд, ки Наврӯз ҳаргиз ҷашни мазҳабию ақидатӣ набуд ва нест.
Эмомалӣ Раҳмон аз шароити мушкили оғози истиқлолият дар Тоҷикистон зикр намуда, илова кардааст,
“имрӯз, бо гузашти бисту се соли истиқлолият, мо бо камоли ифтихор гуфта метавонем, ки бо вуҷуди он ҳама мушкилот Тоҷикистони азизамон ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо тамоми рукнҳои демократии давлатдорӣ ташаккул ёфт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид”.Раисиҷумҳури кишвар аз зиёиён хост, дар тарбияи насли наврас фаъолтар бошанд ва даъват намудааст, ки ба технологияи муосири иттилоотӣ наздиктар шаванд:
“Ба хотири пешгирӣ кардани косташавии маънавиёт ва тарғиби ахлоқи ҳамида миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон, Вазорати фарҳанг, Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагонро вазифадор намуд, ки «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар асарҳои панду ахлоқии гузаштагонро ҳарчи бештар таҳияву интишор кунанд ва ба хонандагон пешниҳод намоянд. Ба ин муносибат баргузории конфронси байналмилалии илмиро дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи донишмандону ховаршиносони дунё дар арафаи таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба мақсад мувофиқ медонем. Номгузории яке аз хиёбонҳои пойтахти зебоманзари кишварамон ва яке аз муассисаҳои илмиву маърифатиро ба шарафи Мавлоно Ҷомӣ зарур мешуморам”.Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баҳси кӣ будани зиёиён сухан ронда, гуфтааст:
“Ман ба ақидаи иддае аз равшанфикрон розӣ ҳастам, ки ба гуфти онҳо аҳли зиё бояд ҳамчун як қишри ҷомеа шакл гирад ва парчамбардори маънавиёт дар байни халқ бошад. Дарку тарғиб ва амалисозии ҳадафҳои миллӣ муҳимтарин рисолати иҷтимоии зиёӣ дар марҳалаи рушди устувори Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро мавқеи маънавию шаҳрвандии зиёӣ, дар навбати аввал, аз муаррифии арзишҳои миллӣ ва ҳадафҳои ояндасози давлатӣ иборат мебошад”.Эмомалӣ Раҳмон аз ташкили «Википедияи тоҷикӣ», ки ҷавонони тоҷик роҳандозӣ кардаанд, истиқбол намуда, таъкид дошт, ки онҳоро дастгирӣ хоҳад кард. Ӯ ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш додааст, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар замоне, ки таблиғи рафтори зишт ва ба фарҳанги миллии мо бегона аз тариқи шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ ва барномаҳои телевизионии хориҷӣ афзоиш ёфтааст, мо бояд тарбияи ахлоқиро дар навбати аввал гузорем ва бо истифода аз таҷрибаи нодири халқамон ба фарзандонамон адаб ёд диҳем.