Созмонҳои ҳуҳуқи инсон дар пайи нашри навори ифшокунандаи вазъи бади муҳоҷирон дар боздоштгоҳҳои Маскав аз мақомоти тоҷик хостаанд, ба мушкили муҳоҷирон расидагӣ кунанд.
Дар ин муроҷиатнома, ки аз номи 13 созмони ҷамъиятии ҳифзи ҳуқуқ ба унвонии Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, Сумангул Тағоева, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Зариф Ализода, ваколатдори ҳуқуқи инсон равона шудааст, аз ҷумла омадааст:
“Вазъи муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи махсус нигоҳ дошта мешаванд, наметавонад аз мадди назари ҷомеаи шаҳрвандӣ дур монад. Аз Шумо хоҳишмандем оид ба вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар боздоштгоҳи махсуси Дмитровски Маскав, ки ихроҷашонро ба Ватан интизоранд, чораҳои зарурӣ андешед ва умедворем, ки дар мавриди чораҷӯйӣ аз ҷониби Шумо ҷомеаи шаҳрвандӣ маълумот дарёфт мекунад.”Зери ин муроҷиатнома роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, «Марказ оид ба ҳуқуқҳои инсон»- Халилов Нурмаҳмад, «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният»-Наргис Зокирова, «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» - Наҷиба Ширинбекова, «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон»- Сергей Раманов, «Ахтари бахт»- Моиниссо Шоназарова, «Рушд»- Юсуф Муҳаммадзода, «Имкониятҳои баробар»- Шӯҳрат Саидов, «Перспектива+»- Ойниҳол Бобоназарова, «Mhaids»- Шӯҳрат Латипов, «Ғамхорӣ»- Боҳодур Тошматов, «Нота Бене»- Нигина Бахриева, Human Rights Matter, Berlin, Germany-Фарангис Зикриёева, "Бир Дуйно-Кыргызстан"- Толекан Исмаилова, “Ассосиятсияи журналистон” "Гендер Медиа Кавказ"-Галина Петриашвилӣ имзо гузоштаанд.
Ин муроҷиатнома дар ҳолест, ки қаблан як гурӯҳ муҳоҷирони тоҷик, ки дар боздоштгоҳи махсуси Дмитровски Маскав ихроҷашонро ба Ватан интизоранд, дар суҳбат бо Иззат Амон, раҳбари Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон дар Русия аз шароити нигоҳдорӣ ва беаҳамиятии масъулин шикоят кардаанд. Муҳоҷирони тоҷик, ки миёнашон занон низ ҳастанд, бо зикри беаҳамиятии масъулини сафорат ва намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, дар назди дастгоҳи наворбардорӣ муфассал шароити тоқатфарсои нигоҳдорияшонро баён намудаанд: