Тоҷикон аз «Жааз Флауэрз»-и Гаага боздид карданд
Як давраи вижаи омӯзиши ҳирфаӣ дар Брюселл барои мутахассисони боғпарварӣ анҷом ёфт.
Тибқи иттилои вазорати корҳои хориҷӣ, бо даъвати президенти ширкати калонтарини Аврупо оид ба парвариши навъҳои беҳтарини дарахтҳои аврупоӣ «ARBOR», президенти бизнес клуби Белгия-Тоҷикистон Клаус Ван Дейк ва сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия гурӯҳи мутахассисони соҳаи растанипарварӣ ва боғдории Тоҷикистон дар ҳайати: Авезов Н. - мудири шӯъбаи хоҷагидории муассисаи давлатии «Маҷмӯи меҳмонхонҳои дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурии Тоҷикистон»; Холов А. - директори боғи марказии ботаникии Тоҷикистон; Каримов А. - директори Боғи миллӣ ва Исматов А. – муовини директори маҷмааи давлатии «Қасри миллат», рӯзҳои 8-12-уми августи соли равон дар Белгия дараҷаи ихтисоси худро такмил доданд.
Манбаъ афзуд, ширкати номбурда зиёда аз 120 сол қабл таъсис ёфта, дар маҷмӯъ 500 гектар заминҳои ниҳолпарварӣ дорад (250 га дар Белгия ва 250 га дар Фаронса). Намояндагони Тоҷикистон аз ҳар ду қитъаи заминҳои ниҳол ва гулпарварӣ дидан карда, таҷрибаи бой ва пешқадами ширкатро дар ин самт бодиққат ва ҳамаҷониба омӯхтанд. Дар анҷоми курси мазкур аз ҷониби президенти ширкати номбурда ба намояндагони Тоҷикистон сертификатҳо супурда шуд.Сафорати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия дар якҷоягӣ бо роҳбари ширкати «Жааз Флауэрз», раиси ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург, президенти Бизнес клуби Нидерланд-Тоҷикистон Азиз Одилов сафари онҳоро ба ширкати «Жааз Флауэрз», ки дар ш.Гаагаи Нидерланд воқеъ аст, ташкил намуданд. {jathumbnail off}