Барфи наврӯзӣ дар Душанбе ба дунболи ҳушдори обуҳавосанҷон
Баъд аз нимирӯзи 23 март дар шаҳри Душанбе ва бархе аз навоҳии кӯҳистони Тоҷикистон барф борид. Ин дар ҳолест, ки қаблан Идораи обу ҳавосанҷии кишвар гуфта буд, боду ҳавои номуътадил дар кишвар тайи рӯзҳои таҷлили Иди Наврӯз боқӣ мемонад.
Дар иттилоияи ин ниҳод аз ҷумла таъкид шуда буд, рӯзҳои 21-22 март дар водиҳо борон ва дар минтақаҳои куҳӣ барфу борон дар назар аст. “Дар дарёҳои Яхсу, Сурхоб ва Обихингоб болоравии сатҳи об дар назар мебошад”,-омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.