Лимити барқ боз шадидтар шуд
Шурӯъ аз рӯзи гузашта реҷабандӣ ё “лимит”-и нерӯи барқ дар бархе навоҳии кишвар шиддат ёфтааст.
Чанд тан аз сокинони навоҳии тобеи марказ дар суҳбатҳои телефонӣ ба “Озодагон” гуфтанд, шурӯъ аз шоми рӯзи гузашта, 23 март нерӯи барқ аз вақти муқаррарӣ пештар қатъ шуда, субҳи имрӯз тамоман барқ нагирифтаанд. Як масъули ширкати “Барқи тоҷик” далели ин реҷабандии шадидро дар “боду ҳавои номусоид” рабт додаву гуфт, қарор аст, моҳи апрел реҷабандии барқ комилан аз миён бардошта шавад. Ин дар ҳолест, ки қаблан аз ин ширкат гуфта буданд, “лимит”-и барқро то наврӯз комилан аз миён мебардоранд.
Реҷабандии шадиди барқ дар бархе навоҳии кишвар дар ҳолест, ки бино ба иттилои як манбаъ, шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар ноҳияи Данғара “лимит” барҳам дода шудааст.