Абарҷоми Тоҷикистон насиби “Истиқлол” шуд
Дидори “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе барои дарёфти Абарҷом ё Суперҷоми Тоҷикистон бо ҳисоби 0:5 анҷом ёфт.
Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд ва онро Йозеф Блаттер, президенти Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ҳам тамошо кард.
Ҳисобро дар дақиқаи 6-уми бозӣ Девид Мауто боз кард. Дар дақиқаи 25-ум Ромиш Ҷалилов тӯби дуюми “Истиқлол”-ро вориди дарвозаи ҳариф намуд. Дар нимаи дуюми бозӣ Дилшод Восиев (дақиқаи 59) ҳисобро 0-3 кард. Ҷаҳонгир Эргашов дар дақиқаи 78 голи чорумро ба нишон расонд. Дар дақиқаи 83 бошад, Далер Шомуродов, бозигари “Равшан” тубро вориди дарвозаи дастааш намуд.
То имрӯз Абарҷоми Тоҷикистонро се маротиба “Истиқлол” ва як бор “Равшан” соҳиб шудааст.