Ҳушдори сарпрокуратураи ҳарбӣ аз “облава”-ю фасод зимни даъвати наваскарон
Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар арафаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ аз ниҳодҳои дахлдор хостааст, ба қонунвайронкунӣ ва фасод даст назананд.
Ба иттилои манбаъ зимни ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Сарпрокуратураи ҳарбӣ аз комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ ва масъулини дигар талаб шуд, ки бо ҷалби бештари мақомоти манфиатдор ва дигар сохторҳо талаботи фармони президенти Тоҷикистонро дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда, омилҳоеро, ки ба қонунвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидат мекунанд, пешгирӣ намоянд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар арафаи даъвати баҳории наваскарон супориш дод, роҳҳои ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш, аз қабили “облава” бартараф карда шаванд. Тибқи фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон даъвати баҳории наваскарон ба артиш моҳҳои апрел-май сурат хоҳад гирифт.