баргард чоп кардан

Тавсифи низомиёни рус аз хидмат дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

Хидмати шартномавӣ дар пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон миёни шаҳрвандони Русия довталабони зиёдро пайдо намудааст.

Николай Носов, сарбози рус, ки дар Тоҷикистон хидмат кардааст, ният дорад, тариқи шартнома хидматашро дар пойгоҳи 201-и Русия идома диҳад. Ӯ баробари бодуҳавои хуб, маоши беш аз 50 ҳазор рубл ва имтиёзҳои иҷтимоиро аз авлавиятҳои хидмат дар Тоҷикистон хондааст.

Маврид ба зикр аст, ки чанде қабл масъалаи ҷалби хидматчиёни шартномавӣ дар пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон матраҳ гардид. Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон бо пахши ин хабар эълон дошт, ки ҳудуди 800 сарбозу сержантро иловатан аз ҳисоби русиягиҳо ба хидмати шартномавӣ ҷалб мекунад. Ба иттилои сарчашма, ҷалби низомиёни нав аз ҳисоби ихтисори сарбозони муқаррарӣ амалӣ шуда, дар маҷмӯъ теъдоди ҳайати афсарону сарбозони пойгоҳи 201 афзоиш нахоҳад ёфт.

Ҳаҷми маоши низомиёни пойгоҳи 201-ум вобаста ба собиқаи корӣ, ихтисос ва рутба аз 30 то 70 ҳазор рубли русӣ арзёбӣ шуда, феълан ин пойгоҳ бо беш аз 7 ҳазор низомӣ калонтарин воҳиди хушкигарди Русия дар берун аз қаламрави он мебошад.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Сергей Шойгу, вазири мудофеаи Русия аз афзоиши ҳузури низомии кишвараш дар нуқтаҳои гуногуни ҷаҳон хабар дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки пойгоҳи 201-ум дар Тоҷикистон аз ҳайати бригадавӣ ба ҳайати дивизионӣ мегузарад. Коршиносони умури ҳарбӣ мегӯянд, гузаштан ба ҳайати дивизионӣ афзоиши теъдоди низомиёнро дар назар дорад.