баргард чоп кардан

“Заминларзаи рӯзи 28 март хисороте наовардааст”

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, заминҷунбии рӯзи 28-уми март хисороте дар пай надоштааст.

Заминларза соати 15:24 дақиқаи рӯзи 28-уми март дар 38 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Хоруғ дар қаламрави вилояти Бадахшон ба вуқуъ пайвастааст, ки тавоноии он 5,3 бал арзёбӣ мешавад.