Дар мактабҳои Ню-Йорк шояд ғизои ҳалол таҳия шавад
Рафаэл Эспинал, аъзои шӯрои шаҳрии Бруклини Ню-Йорк пешниҳод кардааст, ки дар мактабҳои маҳаллӣ ғизоҳои ҳалол таҳия шавад.
Бино ба иттилои New York Daily News, Эспинал гуфта, ки ин тасмим барои кӯмак ба ҷамъияити мусалмонон, ки дар ҳоли афзоиш аст, гирифта шудааст.
Рафаэл аз ҳамкорони худ хоста ташаббуси ӯро, ки барои аз миён бурдани ноадолатӣ нисбат ба кӯдакони мусалмон, бо далели набудани ғизои ҳалол маҷбуранд рӯзи дароз дар мактабҳо гурусна бигарданд, ҷонибдорӣ намоянд.
Бино ба омори Билл де Блазио, мири Ню-Йорк, 100 000 ё 13 дар сади мактаббачаҳои Ню-Йорк мусалмон ҳастанд. Аммо ба гуфтаи Эспинал, ин ин рақам шояд ба 170 000 нафар баробар бошад ва бештари онҳо бидуни тановул кардани ғизое рӯзро дар мактаб мегузаронанд
“Ман наметавонам хомӯш бошам, вақте мебинам дар зодгоҳи ман кӯдакон дар дарсҳо гурусна менишинанд”,-изҳор доштааст Рафаэл Эспинал.
Бино ба иттилои манбаъ, баррасии ин пешниҳод дар шӯро аллакай оғоз шудааст.