Андоз аз талабаҳо ва беморон лағв мешавад?
Абдуқодири Рустам
Пули таҳсили писарамро дар мактаби хусусӣ барои нимсолаи дувум пардохтам: 2500 сомонӣ. Ҷамъан барои соли таҳсили 2013-2014 5000 сомонӣ, болиғ бар як ҳазор дулори амрикоӣ.
Аммо ҳамаи ин маблағ барои мактабу муаллимонаш – ҳаққи ҳалолашон аст, - нест. Аз ин маблағ 900 сомониро ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегирад, ин пардохт ном дорад андоз бар арзиши изофа, ё ба забони расмию маъмулӣ: НДС.
Чанд сол пеш соҳибмағзи бузурге, ки дилаш барои халқу кишвар метапад, шояд баъд аз чандин шабҳои ғута задан ба баҳри бехобӣ ба гавҳари фикри амиқе расид, ки барои пур кардани хазинаи давлат аз мактабҳо ва бемористонҳои хусусӣ, ба ҷуз андоз аз даромад, боз НДС низ ситонида шавад, вагарна давлат бо ин вазъи иқтисодӣ, ки дорем, ба зудии зуд барои пардохти моҳонаи муаллимон ва пизишкон ва нафақапулии бознишастагон бо мушкили молӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ва аз се соли пеш шуруъ карданд ба гирифтани НДС аз талабагони мактаб ва беморон. Ва инак се сол аст, ки ман аз тариқи таҳсили писарам ҳам дар иҷрои барномаҳои иҷтимоии давлат саҳм мегирам ва ҳам саҳме аз шукронаҳои ҳармоҳаи бознишастагон, пизишкон ва муаллимон дарёфт мекунам.
Чанд нафар даҳан пур кардаанд, ки ба ман посухи қотеъ ва қонеъкунанда бидиҳанд ва мегянд: давлат НДС-ро на аз талабаву беморҳои мактабу бемористонҳои хусусӣ, балки аз моликони ин мактабу бемористонҳо мегирад! Давлати мо мутобиқ бо моддаи аввали Сарқонун давлати иҷтимоӣ аст ва мо ҳаргиз аз насли оянда ва шахси афтодаву барҷомонда андоз намеситонем ва ба касе ҳам ичоза намедиҳем ин номаъқулиро бикунад. Аммо ин ҷавоб маро қонеъ намекунад, ман пузханде мезанам ва мехоҳам мутобиқи масали машҳур сукут ихтиёр кунам. Вале на ба ин чанд, ки ба чандин ҳазор нафаре, ки ба ҳар ҳарфи ин чанд нафар бовар мекунанд, бояд посух бидиҳам. Ва инак, посух мегӯям.
Моликони чи мактабҳои хусусӣ ва чи бемористонҳои хусусӣ, солҳо пеш аз он ки соҳиби мағзи бузург ахзи НДС-ро аз ин мактабу бемористонҳо (ва дармонгоҳу бунгоҳҳои тиббӣ) пешниҳод кард ва соҳиби мағзҳои бузурги дигар пазируфтанд, хароҷоту масрафоти худро ҳисоб карда, мизони даромадашонро муайян намуда, нархномаҳо (таърифаҳо)-яшонро дар Ожонсии зиддиинҳисорӣ таъйиду тасдиқ карда буданд ва чун ахзи НДС амалӣ гардид, онон ҳеч илоҷе ба ҷуз илова кардани маблағи ин НДС-и 18 дар садӣ бар нархнома (таърифаҳо)-яшон надоштанд, магар ин ки мактабу бемористонҳояшонро аслан таътил бикунанд. Ва аммо гузашта аз ин, донишомӯзони мактабҳои хусусӣ (волидонашон), беморони бемористонҳои хусусӣ, моликони ин мактабу бемористонҳо амалан ба давлат ду бор НДС ( ё ҳар андози дигар, ки бигӯем), пардохт мекунанд. Ин 18 дар садӣ НДС-и дувум аст. Вале пеш аз он, бори аввал, вақте ки талабагон дар паси мизи мактаби хусусӣ менишинанд ва ё беморон дар рахти бемористони хусусӣ мехобанд; агар Вазорати маориф барои як ҷойи нишасти мактаби давлатӣ дар як соли таҳсил фаразан, 200 сомонӣ сарф бикунад, ба мактаби хусусӣ рафтани як нафар донишомӯз, масалан, ҳамин писари ман, боис ба сарфа шудани 200 сомонӣ мешавад. Агар барои як бемор дар бемористони давлатӣ дар як шабонарӯз, фарз кардем 5 сомонӣ ( ба гуфтаи вазири тандурустии Тоҷикистон давлат рӯзона барои ғизои як бемор 1 сомониву 32 дирам ва барои доруи ӯ 1 сомониву 45 дирам ҳазина мекунад, агар моҳонаи пизишкон, парасторон ва санитаркаҳо ва нигаҳдории бино ва хароҷоти дигарро илова бикунем, тақрибан 5 сомонӣ ҳосил мешавад) ва барои дармони даҳрӯзаи ӯ 50 сомонӣ масраф шавад, бо рафтани ин бемор ба бемористони хусусӣ давлат 50 сомонӣ сарфаҷӯйӣ мекунад. Агар кори бемор ба ҷарроҳӣ оид шавад, хароҷоти давлат ба маротиб афзуда аз 2000 то ба 20 000 ҳазор сомонӣ мерасад. Яъне ҷарроҳии як бемор дар бемористони хусусӣ боиси сарфаҷӯйӣи 2000 то 20 000 сомонии давлат мешавад. Ва агар ин рақамҳоро ба як ҳазору даҳ ҳазор зарб занем, мизони тақрибии сарфаҷӯйии давлатро аз ҳисоби мактаб ва бемористонҳои хусусӣ дар як сол ҳосил мекунем. Ва давлат аз ин ҳисоб метавонад масрафот барои мактабҳо ва бемористонҳои давлатиро афзоиш бидиҳад, сифати таълиму дармонро беҳтар кунад. Аммо кумитаи андози давлат ба ин қонеъ нест. Вай боз аз талаба (насли оянда) ва бемор (шахси барҷомонда ва гоҳе по лаби гӯр) 18 дар сад андоз меситонад. Ва бидуни азоби виҷдон моддаи 12 Сарқонунро, ки баробарҳуқуқӣ ва хифзи ҳамаи шаклҳои моликиятро кафолат додааст, нақз мекунад.
Чанд даҳани дигар пур аст, ки ба ману мо бигӯяд, туро ки гуфт, ки писаратро ба мактаби хусусӣ бар, шуморо ки гуфт, беморатонро дар бемористони хусусӣ ҷарроҳӣ кунед.
Ин ҳарфҳо низ музахрафу аблаҳонаанд. Вале, чун дар нуги забони касони зиёд чарх мезананд, бошад, посух мегӯем: ману моро худи хукумат гуфт, дақиқтар бигӯям, ҳукумат маҷбур кард, чунки дар натиҷаи сиёсати иқтисодии ҳукумат, дар натиҷаи мудирияти бесалоҳияти мудирони интисобкардаи давлат, дар натичаи хусусикунии бесарусомон ва бидуни барнома, дар натичаи хешбозиҳову маҳалбозиҳо касоне ба мудирияти корхонахо мансуб шудаанд, ки аслан тавоноии ин корро надоранд, ва боз сабабхои бисёр…. Дар натича рузе, ки бо ҳамҳамаю дамдама корхонаи наверо ба истифода медиханд ва кафки дахон мепаронанд, ки 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин карданд, ду корхонаи дигар таътил мешавад ва 240 нафар ба сафи бекорону Русияравон афзуда мешавад… Пул қарз гирифта неругоҳ месозанд ва чун мавсими сармо фаро мерасад, неругоҳ кор намекунад, вазири энержӣ шарҳ медиҳад, ки сохтани обанборро фаромӯш кардаанд…. Дар натича хазинаи давлат холист, дар натича ба пизишку муаллим моҳонае медиҳанд, ки ба панҷу даҳ рӯз мерасад ва бист- бисту панҷ рӯзи дигар рӯзгораш чи тавр мегузарад, худашу Худо медонанд… Дар натиҷа муаллим ба Русия меравад, ароба мекашад, хишт мечинад, битон мешӯрад, кӯча мерӯбад…, пизишк меравад ба Русия, ба Афғонистони ноором, ба Ямани муташанниҷ, ба Сомалии дар ҳоли ҷанг… ва дармон дар бемористонҳо ба сатҳи ниҳоятан паст мефурояд, таълим дар мактабҳо ба сатҳи ибтидоӣ таназзул мекунад. Ва ҳар ки андаке маблағ дорад, ҳар ки дар ғами оянда аст, фарзандашро маҷбур аст, ба мактаби хусусӣ бидиҳад, ҳар ки андаке маблағ дорад, аз ину он қарз гирифта илова мекунад ва падар, модар, зан, бародар, фарзандашро ба бемористони хусусӣ меорад. Ҳукумат маҷбурат мекунад ва боз ҳукумат хурсанд аст: агар пул дорӣ, ки фарзандатро дар мактаби хусусӣ бихононӣ, агар пул дорӣ, ки падаратро дар бемористони хусусӣ ҷарроҳӣ бикунӣ, агар қарзи падариву қарзи фарзандиро ба таври аҳсант иҷро мекунӣ, офаринат бод, аммо қарзи шаҳрвандиятро низ фаромӯш макун, НДС-и таҳсили писарат ва ҷарроҳии падаратро низ пардохт кун, дар ин кишвар дигарон ҳам фарзанд доранд, дигарон ҳам падар доранд….
Ҳамин тавр ҳукумати мо аз хисоби насли ҷавон, ки ояндаи кишвар аст ва аксаран насли гузашта, ки ин кишварро бо дастони худ сохтаанд ва имрӯз бемор шудаанд ва ниёз ба дармони босифат доранд, пул кор мекунад ва барсарӣ ин амрро барои манфиати ҷомиъа ва пешрафти кишвар тавҷеҳ медиҳад.
Лутфан иҷозат диҳед, бовар накунам. Ва бовар намекунам.
Ба фикри ман кори хубе хоҳад шуд, агар ба хотири оядаи кишварамон ва барои беҳбуди вазъи иҷтимоии ватанамон, Маҷлиси кишварамон як бор ҷуръат зоҳир бикунад, мубтакири амали хайр бишавад ва дар қатори ширкати хусусии британии IRS мактаб ва бемористонҳои хусусии тоҷикистониро ҳам аз пардохти андоз озод кунад. Охир, саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ дар Британия 39042 дулор ва саронаи тавлиди нохолиси дохилӣ (ВВП) дар Тоҷикистони азизи мо 1050 дулор аст… Охир он ҳиммат ба кишвари сарватманд ва ин хасосат нисбат ба кишвари фақир чӣ маънӣ дорад?! Ин пешниҳод ба унвони орзуи Наврузӣ ироа мешавад.