Шаҳрванди Узбакистон дар Русия бо зарби табар кушта шудааст
Як шаҳрванди Узбакистон дар Маскав бо захми табар ва корд кушта шудааст.
Бино ба иттилои “Интерфакс” ин ҳодиса шанбеи 29 март ба вуқӯъ пайвастааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Маскав ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, шоми он рӯз як шоҳид ба пулис занг зада хабар додааст, дар назди бинои 76-и кӯчаи Люблин марди оғуштаи хун хобидааст.
“Кормандони пулис ба ҷои ҳодиса омада, ҷасади марди 43-солаи узбакро пайдо кардаанд. Ӯ дар як фирма ба ҳайси нигаҳбон кор мекардааст”,-гуфтааст манбаъ.
Дар ҷасади мақтул 11 захми корд ва зарбаи табар ёфт шудааст.
Пулис маълум кардааст, ки ба шаҳрванди Узбакистон се шахси номаълум ҳамла бурда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.