баргард чоп кардан

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Баъд аз зӯҳри 31-уми март, гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат, вакилони маҳаллӣ ва сокинони Файзобод бо нишони эътироз аз пахши хабар дар мавриди “пулҷамъкунӣ барои пешвози президент дар Файзобод” назди бинои Маҷмааи табъу нашр (ГЖК) дар Душанбе ҷамъ омаданд.

Сайбӣ Раҷабова, муовини раиси ноҳияи Файзобод дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки хабари мазкур ҳеч асоси ваоқеӣ надошта, касе дар арафаи боздиди президент –Эмомалӣ Раҳмон аз ин ноҳия аз сокинон пул ҷамъ накардааст: “Мо вақте ин хабарро дидем, як ҷаласа баргузор намудем. Ин хел овозаҳо набуд, ки маблағ ҷамъ карда кореро анҷом бидиҳанд. Ҳар як сокини маҳаллӣ вазифадор аст, ки дари хонаи худашро сафед кунад, тоза кунад, обод кунад. Барои ободиву зебоии диёраш ин корро анҷом додан лозим. Аммо махсус барои омадани ҷаноби олӣ маблағ ҷамъ карда истодаанду, кори махсус бошад, ҳамаи ин гапҳо бардурӯғанд.”



Сайбӣ Раҷабова гуфт, ки барои таҳлили ин иттилоъ ба Душанбе омадаанд. Дар ҳамин маврид Раҷаб Назиров, сокини ҷамоати Мискинободи ноҳияи Файзобод низ дақиқ будани хабари мазкурро рад карда, мегӯяд, ки агар масъулин барои пулҷамъкунӣ супориш медоданд, сокинони деҳаи онҳо низ ҳатман огоҳ мешуданд: “Барои чӣ ба як деҳа фармон медодаанду ба деҳаи дигар не? Ба назари ман касе аз ин вазъият сӯиистифода мекунад. Дар асл ҳамасола дар баҳор сокинони ҷамоату деҳаҳои Файзобод барои ободкорӣ, сафед кардани хонаҳо машғул мешаванд ва барои ин касе пул ҷамъ намекунад.”



Иддае аз намояндагони мақомоти ноҳияи Файзобод бо масъулини оҷонсии хабарии “Азия плюс”, ки нахустин шуда, хабар дар бораи пулҷамъкунӣ аз мардуми Файзободро пахш карда буд, мулоқот анҷом доданд.

Зебо Тоҷибоева,
мудири иҷроияи оҷонсии хабарии “Азия плюс” дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки дар мулоқот намояндагони мақомоти Файзобод саҳеҳ будани ин хабарро комилан рад кардаанд: “37 вакили маҳаллӣ, мақомот ва сокинон омадаанд. Онҳо талаб доштанд, ки мо сарчашмаи иттилои худро ифшо намоем, дар акси ҳол ба додгоҳ муроҷиат хоҳанд кард. Албатта сарчашмаи иттилои мо ҳозир буданд, биёянд ва бо вакилону раисони худ суҳбат кунанд. Аммо мо ба хотири халал нарасондан ба зиндагии минбаъдаи онҳо дар Файзобод аз ин кор худдорӣ кардем.”

Зебо Тоҷибоева мегӯяд, ки сару садоҳое ба ин монанд бори нахуст нест, ки паҳн мешавад. Ба гуфтаи мудири иҷроияи оҷонсии хабарии “Азия плюс” эҳтимол чунин “супориш” аз боло нашуда бошад, аммо ба ҳар сурат Файзобод ягона ноҳия нест, ки чунин корҳо сурат бигирад: “Албатта мақомоти ноҳияи Файзобод рад карданд ва мо ин мавқеи онҳоро дар сомонаи худ ҷой медиҳем. Аммо дар сӯҳбат бо мо онҳо тасдиқ карданд, ки дар баҳор тасмими аз берун сафед кардани манзили зистро доштанд, аммо барои ин кор маблағ ҷамъ намекунанд.”

Субҳи имруз 31-уми март хабар нашр шуд, ки гӯиё мақомоти Файзобод барои пешвози Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми ноҳия 50 сомонӣ талаб карда истодаанд. Гуфта мешавад, ин маблағҳо барои рангубори хона зимни сафари раисиҷумҳур ба ноҳияи Файзобод, ки 10-уми апрел дар назар аст, пешбинӣ шудаанд.


АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”

АКСУ ВИДЕО: Эътироз аз пахши хабар дар бораи “пулҷамъкунӣ ба пешвози президент”