Додгоҳ “Тоҷсохтмон-байналмилал”-ро 16 миллион ҷарима баст
Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе бо даъвои Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати сохтмонии марбут ба хонаводаи Зайд Саидов, “Тоҷсохтмон-байналмилал”-ро ҳудуди 16 миллион сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Исҳоқ Табаров, яке вакилони дифои Зайд Саидов хабар дода, афзуд, ки ҳукми додгоҳ имрӯз, 1-уми апрел содир шуд: “Асоси ҷаримабандӣ он аст, ки гӯиё ширкати “Тоҷсохтмон-байналмиллал” андоз насупоридааст.”
Ба гуфтаи вакили мудофеъ ин дар ҳолест, ки аз соли 2009 то 2013 Кумитаи андоз ду маротиба ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал”-ро аз санҷиш гузаронда, хулоса додааст, ки ҳеч камбудиеро ошкор накарда буданд.
Исҳоқ Табаров мегӯяд, ки баъди ҳабси Зайд Саидов мақомоти андоз санҷиши дигарбора гузаронида, гӯиё камбудӣ ошкор кардаанд. Ин вакили дифоъ ҳукми додгоҳро дар нисбати ширкати “Тоҷсохтмон-байналмилал” беадолатона ва ғаразнок хонда, онро ба ҳабс гардидани Зайд Саидов марбут медонад.
Бояд гуфт, ки роҳбарии ширкати “Тоҷсохтмон -байналмиллал” -ро Хайруллоҳ Саидов, писари бузурги Зайд Саидов бар ӯҳда дошта, ин ширкат сохтмони бинои баландтарини Тоҷикистон- “Душанбе–плаза” анҷом додааст. Аз охирин иншооти бунёдкардаи ширкат, мактаби №-8-и Душанбе аст, ки дар арафаи Наврӯз аз ҷониби раисҷумҳур -Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид.