АКС: Оғози намоишгоҳи байналмиллалии Тоҷ-Экспо баҳор 2014 дар Душанбе
Субҳи имрӯз, 3-юми апрел, дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе, Намоишгоҳи байналмилалии Тоҷ-Экспо баҳор - 2014 оғоз гардида, то 5-уми апрел идома хоҳад кард.
Дар ин намоишгоҳ, ҳудуди 40 ширкати хориҷӣ аз Фаронсаву Олмон, Туркияву Эрон, Афғонистону Тоҷикистон ва дигар кишварҳо иштирок мекунанд.
Дар ҳошияи ҳамин намоишгоҳ 5-уми апрел дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" анҷумани соҳибкорон дар назар аст.