Бо даъвои ФСБ шаҳрванди тоҷик ба 17 сол маҳкум шуд
Хадамоти федералии амнияти Русия ё худ ФСБ аз маҳкум шудани як шаҳрванди Тоҷикистон ба 17 соли зиндон дар Ставропол хабар дод.
Тибқи иттилои раёсати ФСБ-и Ставропол Абдураҳим Тошматов, зодаи Тоҷикистон ба итиҳоми узвият дар созмони террористии байналмиллалии “Ҳизб-ут-Таҳрир Ал-Ислом” ва ҷурми тарҳрезии нақшаи инфиҷор дар ҷашнҳои моҳи майи соли 2013 дар Ставропол боздошт шуда буд: “Зимни боздошт мақомот аз ӯ тапончаи ПСМ ИЖ -78-7,6 бо тирҳо ва дар манзили зисташ норинҷак, детонатор КД-8 ва хокаи таркишӣ дар ҳаҷми 540 грам пайдо ва мусодира кардаанд.”
Дар пайи боздошту тафтишот Абдураҳим Тошматов ҳанӯз моҳи октябри соли 2013 барои гардиши ғайриқонунии силоҳ 3 соли зиндон гирифта буд. Дар гузашта Тошматов дар Маскав ҳамчунин дар барангехтани низои мазҳабӣ муттаҳам мешудааст. Ӯ дар масҷид аз мардум барои сарнагун кардани неруҳои ғайриисломӣ ва таъсиси хилофат даъвати ошкоро кардааст. Ба иттилои манбаъ “Тошматов ҳамчунин варақаҳои экстремистии “Ҳизб-ут-Таҳрир Ал-Ислом”-ро паҳн мекард, ки фаъолияти ин созмон дар ҳудуди федератсияи Русия мамнуъ аст.”