Роҳбандию роҳкушоиҳои нав дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Сокинони деҳаи Оқсойи Қирғизистон дар пайи як нофаҳмӣ бо сокинони Ворух рӯзи шанбеи 5-уми апрел роҳи Исфара-Ворухро бастаанд.
Дар ин бора манбаи “Озодагон” аз Исфара хабар дода, афзуд, ки ин роҳбандӣ расо як шабонарӯз давом карда, баъди гуфтушунид рӯзи якшанбеи 6-уми апрел бартараф шуд.
Мусоҳиби “Озодагон” дар шарҳи роҳбандии нав гуфт, сокинони Ворух нагузоштаанд, сокинони Оқсой говҳояшонро дар чарогоҳҳои Тоҷикистон чаронанд: “Қирғизҳои Оқсой дар посух роҳи Исфара-Ворухро бастанд. Аммо феълан роҳ кушода шуд ва рафтуомад беягон монеа идома дорад.”