Нишони тилои варзишгари тоҷик аз Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо
Темур Раҳимов, варзишгари тоҷик аз Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни наврасон медали тило гирифт.
Ин мусобиқа 5-6-уми апрел бо ширкати 302 варзишгари солҳои таваллудашон 1997-1999 аз 23 кишвар дар шаҳри Твери Русия баргузор шуд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 21 дзюдочии наврас, бо шумули ду духтар мураккаб шуда буд.
“Паҳлавони ҷавони тоҷик Темур Раҳимов баъди ду пирӯзӣ бар Кебан Николай (Молдова) ва Иван Тачков (Русия), дар даври ниманиҳоӣ бар Акош Жоо (Маҷористон) ва дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Дамир Салюков (Русия) дастболо шуд”,-афзуд манбаъ.
Темур Раҳимов моҳи марти соли равон дар Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1999 дар Туркия медали биринҷӣ гирифта буд.
Дар Ҷоми Аврупо дар Твер дар ҳисоби умумидаставӣ тими мунтахаби Русия бо касби 13 медали тилло, 11 нуқра ва 23 биринҷӣ ғолиб шуд. Мунтахаби Маҷористон бо касби як медали тилло ва ду медали биринҷӣ дар ҷойи дуввум қарор гирифта, яккачини наврасони Тоҷикистон, ки як нишони тилло (инчунин 2 ҷойи панҷум ва як ҷойи ҳафтум) гирифт, мақоми севвумро соҳиб шуд. Дастаи мунтахаби Украина бо як медали тилло ҷойи чаҳорумро гирифт.