баргард чоп кардан

Эшони Нуриддин ба шинондани муйи сар иҷоза дод

Эшони Нуриддин, руҳонии маъруфи тоҷик ва яке аз бародарон Тураҷонзодаҳо шинондани муйи сарро аз нигоҳи Ислом раво хондааст.

Ин руҳонии маъруф дар посух ба суоли яке аз корбарони Turajon.org гуфтааст, гирифтани муй аз пушти сар ва коштани он дар ҷои бе муй ҷоиз мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ин амал ҳукми дур кардани айбро дорад, ки Ислом ин гуна амалҳоро манъ намекунад: “Шинонидани муйи сар дар ҷои бе муй аз боби дур кардани айб аст ва дур кардани айб ҷоиз мебошад.”