баргард чоп кардан

Арзиши асъори хориҷӣ дар ғурфаҳои саррофӣ боло меравад

Имрӯз қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 4,8400-4,8600  сомонӣ хариду фурӯш карда мешавад.


Тайи рӯзҳои ахир доллар дар  нуқтаҳои мубодилаи асъор дар ҷумҳурӣ тамоюли баландшавӣ дорад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд , дар ҷумҳури ҳар сол дар мавсими зиёрати Хонаи Худо, яъне адои маросими ҳаҷ, қурби доллар ба боло меравад. Ба  ҳисоби миёна 1 доллари  ИМА ба 4,8190-4,8340 сомонӣ, 1 рубли русӣ ба 0,1663-0,1683 сомонӣ ва 1 евро ба 6,8650-6,8850 сомонӣ хариду фурӯш мешуданд. Ба гуфтаи намояндаи Бонки миллӣ сабаби  баландшавии қурби евро ва рубли русӣ, зери таъсири таносуби қурби онҳо нисбати доллар ИМА дар бозорҳои ҷаҳонӣ мебошад. Қурби доллари  ИМА бошад, бештар аз ҳисоби фаъол шудани амалиёти иқтисодии хориҷӣ ва воридоти маҳсулот, ки  хусусияти мавсимианд, боло меравад. {jathumbnail off}