баргард чоп кардан

Мулоқоти Зарифӣ бо Дабири кулли СҲИ дар Истамбул

Масоили муносиботу ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо СҲИ баррасӣ гардид.


Тибқи иттилоъ,  дар чорчӯби ҷаласаи оҷили Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ дар Истамбул мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Экмелиддин Эҳсоноғлу баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистон ва СҲИ табодули назар карданд. Дабири кулли СҲИ саҳми Тоҷикистонро дар фаъолияти ташкилоти мазкур  баланд арзёбӣ кард. {jathumbnail off}