Нишони нуқраи Анвар Юнусов дар мусобиқаи Варшава
Анвар Юнусов, муштзани шинохтаи тоҷик дар XXXI-умин сабқати байналмилалӣ оид ба бокс соҳиби медали нуқра гардид.
Ин мусобиқа ба хотираи мураббии номдор Феликс Штамм дар пойтахти Лаҳистон -- Варшава баргузор шуда, Анвар Юнусов дар рақобатҳо дар вазни то 60 кило ҳунарнамоӣ кард. Ӯ Артур Субҳонқулов (Русия), Де Ҷесус Ҷодисон (Бразилия) ва Давид Оливер Ҷоус (Ирландия)-ро мағлуб намуда, ба даври финалӣ баромад. Дар қисмати ниҳоӣ аз Отар Ераносян (Гурҷистон) шикаст хӯрд ва мақоми дуюмро касб намуд.